Дар Душанбе ҷараёни амалишавии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд

Август 2, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак», ки дар иншооти ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзобод ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон идома доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, ҳамзамон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳа баргузор шуд, ки ҳадафи он сохтмон ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод шудаанд,  мегузаранд.

Зимни ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, барои ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таклифҳо пешниҳод гардиданд. Инчунин аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиён ҳолати татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва хосса корҳои анҷомёфта дар шашмоҳаи аввали соли 2024 мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки амалисозии лоиҳа 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Он дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ мегардад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 2, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд