Дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 47 миллион доллар созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд

Август 24, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Созишномаҳоро 23 август Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шени Кемпбел имзо намуданд.

Арзиши лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» 17,5 миллион  доллари амрикоӣ ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» 30 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегарданд.

Ҳадафи лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» баланд бардоштани ихтисос, омӯзиши технологияи муосири истеҳсолот, навоварӣ ва қобилияти таҳким барои навсозии системаи тақсимоти маълумоти вобаста ба маърифатнокии кишоварзӣ ба занони деҳот ва кормандони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» беҳтар намудани таъмини хизматрасонии босифат барои саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳою марказҳои саломатӣ, бунёди таваллудхонаҳо, таъмини таҷҳизоти муосир барои саломатии модар ва кӯдак, инчунин баланд бардоштани донишу малакаҳои кормандони соҳаи тиб барои хизматрасонии тиббӣ мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 24, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад