Фонди хайриявии «Музаффар» ба рӯйхати Ташкилоти муваффақи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ ворид шуд

Август 3, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фонди хайриявии «Музаффар» дар қатори дигар ташкилоти минтақа ба рӯйхати Ташкилоти муваффақи фаъолияти волонтёрӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ворид карда шуд.

Тавре масъулини фонди хайриявӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 12 июли имсол  дар шаҳри Ню-Йорк- дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид маросими рӯнамои аввалин гузориши минтақавӣ оид ба вазъи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ ва вазъи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ-  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз дарки  аҳамият ва муҳимияти  фаъолияти волонтёрӣ ва дарёфти беҳтарин таҷрибаҳои волонтёрӣ дар минтақа иборат буд. Дар ҷараёни он доир ба дастгирии фаъолияти волонтёрӣ, нақши волонтёрон дар амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, саҳми фаъолияти волонтёрӣ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, дарёфти беҳтарин таҷрибаҳои волонтёрӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Мушовири Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёриро ҳамчун яке аз заминаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф намуда, ҳамеша омода аст волонтёронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ва руҳбаланд намояд.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 ноябри соли 2023  ва дигар санаду меъёрҳои муҳим,  инчунин  марказҳои ҷавонон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷалби тамоми қишрҳои аҳолии ҷумҳурӣ ба фаъолияти волонтёрӣ нишони он аст, ки Тоҷикистон аҳамияти дастгирии ин намуди фаъолиятро дарк намуда, барои дастгирии он омода аст.

Фонди хайриявии «Музаффар», ки ҳамчун яке аз 15 таҷрибаи беҳтарини фаъолияти волонтёрӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ эътироф гаштааст, бо таҷрибаи беназираш дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон ба эҳтиёҷмандон пайваста  кумак менамояд.

 АКС: Фонди хайриявии «Музаффар»

Август 3, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид