Хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба 68 корхонаи саноатии мамлакат фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 68 корхонаи саноатии мамлакат шартномаи ҳамкорӣ дошта, хатмкардагон тибқи тақсимоти озод пурра ба ин корхонаҳо фиристода шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод.
Имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 577 нафар хатм намуда, аз байни онҳо зиёда аз 130 нафар ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.
Ректори донишкада иттилоъ дод, ки раёсати донишкада тасмим гирифтааст дар партави иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар замми 40 фоиз зиёд гардидани музди маош боз 10 фисад маоши кормандонро зиёд намояд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар донишкада 113 ҳамоишу мулоқот ва барномаҳои тарбиявӣ гузаронида шуданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Шералӣ Кабир иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Муколамаи «C5+1» дар Остона муаррифӣ намуд
Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад






