МАЪРИФАТИ ХОНАДОРӢ. Кадбонуҳои шаҳри Душанбе ба ҷавондухтарон тарзи омода намудани таомҳои миллиро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе баҳри тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ вобаста ба пухтани таомҳои миллии азбайнрафта, дӯхтани даврию сӯзанӣ ва ташвиқи либоси миллӣ байни занон барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин навбат дар маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби занони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ баҳри эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари дастархонороӣ маҳфил доир гардид.
Мақсад аз баргузории чунин барномаҳо арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни қадимии ниёгон, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҳар сокини маҳалла мебошад.
Чунин барномаҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона заминаи мусоид мегузоранд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши онҳо аз ҷониби ҷавонон аз мақсадҳои асосии ҳамоиш мебошад.
Зимни маҳфил намунаи либосҳои минтақаҳои гуногуни мамлакат дар гӯшаҳои алоҳидаи макони баргузории чорабинӣ манзур карда шуд.
Ҳунармандӣ, аз ҷумла танӯрсозӣ дар ин маҳалла рушд намудааст, ки намунаҳои беҳтарини он ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин сокинони маҳалла заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода ва аз ҳосили рӯёнидаашон барои зимистон хӯришҳо захира менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаву барномаҳои соҳавӣ бо ибтикори раёсату шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт пайваста чорабиниҳои омӯзишӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ ташкил шуда, ба онҳо бештар ҷавондухтарону занон ҷалб мегарданд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






