НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар 614 муассисаи таълимӣ санҷиш гузаронида шуд

Август 3, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024 барои муайян намудани сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 614 муассисаи таълимӣ   санҷиши сатҳи сифати таҳсил ва аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода 2 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Аз ҷумла, 568 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таълимии хусусӣ ва дорои мақоми ҷумҳуриявӣ (литсей, гимназия, мактабҳои президентӣ), 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аз санҷиш гузаронида шуд”, — афзуд директори агентӣ.

Ба иттилои директори агентӣ, аз натиҷаи санҷишҳои сатҳи сифати таҳсил ва аттестатсияҳои давлатии муассисаҳои таълимӣ бармеояд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ болоравии сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён беҳтар гардидааст. Ин ба арзёбии мусбати асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва адабиёти таълимӣ вобаста мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2024 арзёбии сифати таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 524 ҳазору 874 нафар таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шакли муайян намудани сатҳи сифати таҳсил ва гузаронидани аттестатсияи давлатӣ ба роҳ монда шуд.

“Таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсил нишон медиҳад, ки сифати дониши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 33,2% ва сатҳи донишазхудкунии онҳо 79,5%-ро ташкил медиҳад” — изҳор дошт Маҳмадтоир Саидзода.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар ИМД эълон мегардад
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд