НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 59 муассисаи олии таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 03.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 59 донишгоҳу донишкадаи давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ пеш мебарад. Дар ин хусус 2 август ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки дар айни замон дар донишкада 71 донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.
“Дар доираи ин созишномаҳо 11 донишҷӯи донишкада барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой фиристода шуд”, — гуфт ректори донишкада.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба унвони донишкада 46 диплому сипоснома ворид гардид, ки инҳо 1 Гран-При, 14 Дипломи дараҷаи 1, 11 Дипломи дараҷаи 2, 6 Дипломи дараҷаи 3, 7 Диплом барои иштироки фаъолона ва 7 Сипосномаи фахрӣ ба кормандону устодони донишкада мебошад.
Бо мақсади рушди иқтидори илмӣ кормандону устодони донишкада дар 11 конференсияву форумҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок намуданд. Аз натиҷаи онҳо 43 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи мамлакат ба табъ расид, ки нишондиҳандаи назаррас мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад






