ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкалов таъсис дода шуд, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном намудааст.
***
10 августи соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.
***
Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода, Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфтанд.
***
10 августи соли 2021 дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» расми супоридани маҷмуи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд.
***
10 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
***
10 августи соли 2023 аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат 5 гурӯҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии тоҷикони муқими Федератсияи Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск сафар намуд.
10 АВГУСТ:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
***
Дар Эквадор –Рӯзи истиқлол.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Сайдулло Хайруллоев -соли 1945 — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум (1995—2000) ва пас аз тақсимоти парлумон ба ду палата — вакил ва нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2010), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).