ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, чоршанбе, 220-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 7, 2024 08:00

7 августи соли 1840 дар Англия  истифодаи меҳнати кӯдакон барои тоза кардани қубурҳо манъ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1954 Конвенсияи Гаага «Оид ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ» ҳангоми амалиёти мусаллаҳона мавриди амал қарор дода шуд.

***

7 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд. Ин осорхона имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги мамлакат табдил ёфтааст.

***

7 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии ҷумҳуриро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ шинос шуданд.

***

7 августи соли 2016 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаҳои мунтахабаи «Истиқлол» ва  «Ҳосилот» бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

***

7 августи соли 2019 дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

***

7 августи соли 2021 масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бахусус телевизион ва радио зимни вохӯрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баррасӣ гардиданд.

***

7 августи соли 2022 дар Душанбе китоби тозанашр таҳти унвони «НБО – и «Роғун»- намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» аз ҷониби матбааи «Дониш» зери муаллифии коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев ба нашр расид.

7 АВГУСТ:

Дар Карибати – Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи меҳнат

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Раҷабгул Қосимова — соли  1947— ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Август 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш