Ҳамкории соҳибкорони шаҳри Кӯлоб бо сармоягузорони Федератсияи Русия тақвият меёбад

Сентябрь 17, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр ҳайати сармоягузорони Федератсияи Русия бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Ҳайати сармоягузорони Федератсияи Русия дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷараёни фаъолияти филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл» оид ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ҷӯроб, корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нидои Кӯлоб» ва дигар корхонаҳо шинос шуд.

Сармоягузорони Федератсияи Русия барои саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи саноат дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 17, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати IFC масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси 9-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ доир шуд
Дар Душанбе байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?
Омилҳо ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд
Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас гардид
«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд