«Артиш-ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон». Таҳти ин унвон дар Бӯстон ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Суғд ба сайр баромада, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро тамошо карданд. Пас аз тамошои филм таҳти унвони «Артиш — ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва якпорчагии Ватан дар назди ҷавонони мамлакат вазифаҳое меистанд, ки иҷрои онҳо барои таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузург дорад.
Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят менамоянд.
Давоми 31 соли фаъолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди сарҳади Тоҷикистон собитқадамона рушду такомул меёбад.
Заминаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати комил маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат нақши муассир доранд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба саҳми Артиши миллии мамлакат дар ҳифз ва ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун мактаби бузурги тарбияи насли ватандӯст ва хештаншинос сухан гуфтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Симои ноҳияи Дӯстӣ ба куллӣ дигаргун гардидааст
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад






