ИСТИҚЛОЛИЯТ — АЗИЗТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Дар Душанбе ҳамоиши идона доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиши тантанавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ҳамагонро бо 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад».
Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён доир ба дастовардҳои мамлакат дар 33 сол сухан гуфта, иброз дошт, ки «мо имрӯз баръало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Умри истиқлоли давлатии мо сиву се сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва аввалин намунаҳои давлатдориро барои башарият эҷод намуданд».
Ба гуфтаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Исфандиёр Собирзода, «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандӯстӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодиро мустақилона интихоб намояд».
Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ ва додани рутбаҳои дараҷавӣ ба як зумра кормандони Вазорат медали «Хизмати шоиста» ва рутбаҳои дараҷавӣ тақдим гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад






