ИСТИҚЛОЛИЯТ-ГАРДИШИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар мавриди рушди босуботи давлатдории миллӣ

Сентябрь 4, 2024 15:42

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯйдоди таърихие аст, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо бо шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро ба дасти хеш гирифт.

Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, то зери парчами давлатиамон муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоем ва давлатамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонем.

Чунин изҳори назар намудааст муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ Саид Ғоибназарзода.

— Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ рушди и иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардида, ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам густаришу тавсеаи сифатан нав пайдо намуд.

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои боз» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Маҳз татбиқи чунин сиёсати дурбинона бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарогиру мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои минтақа мусоидат намуд.

Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю талошро ба хотири фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат равона сохта, бо истифода аз тамоми захираву имконият барои ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсили босифат, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани онҳо бисёр тадбирҳоро амалӣ гардонид.

Дар натиҷа, мо давоми беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидем, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ зербинои муосири коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии мамлакатро гузошта, низоми ягонаи энергетикии ҷумҳуриро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид ва давлати транзитӣ мубаддал гардонид.

Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин яроқнокшавии бошитоб ва оғози дубораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ моро чӣ неъмати бузурге муяссар шудааст.

Яъне, ҳар фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳамияти истиқлолу озодӣ ва заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона барои ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёр ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд.

Муҳимтарин раванди давлатдории миллӣ он аст, ки мо қадру қимати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлати соҳибистиқлоламон- Тоҷикистонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ метавонем мавқеи сазовор дошта бошем.

Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,
муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

АКС: АМИТ Ховар»

Сентябрь 4, 2024 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Дар Женева 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд