«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 5, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Нахуст дастовардҳои илмию таълимӣ, китобҳои таълифнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқоти илмии устодону кормандон, ки дар самтҳои гуногун пажуҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизоти муосири фанҳои табиию риёзӣ ва маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  намоиш дода шуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш ба ифтихори 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳ дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи мамлакат  назаррас арзёбӣ менамоянд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баён намуд, ки имрӯз таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз гардидааст, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваст мебошад.

 АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рашт бинои нави фурудгоҳ бунёд карда мешавад
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд