ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 25, 2024 08:00

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзуи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

***

25 сентябри соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

***

25 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар намуданд.

***

25 сентябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд. Сарвари давлат баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, инчунин тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Нуробод дар маркази ноҳия бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

***

Аз 25 то 27 сентябри соли 2017   дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  таҳти раёсати  ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти  пойтахт  ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор гардид. Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд доир  шуданд.

***

25 сентябри соли 2022 дар даври ниҳоии Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Малайзия барои дарёфти ҷом миёни ҳам рақобат карданд. Футболбозони тоҷик зери роҳнамоии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт тавонистанд, ки дар аввалин иштирок дар Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup-2022» соҳиби ҷому медалҳои тиллоӣ гарданд.

***

Соли 2017  ТАСС хабар дод, ки дастаи Тоҷикистон ғолиби аввалин Чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои сафоратҳо дар шаҳри Москва гардид.

25 СЕНТЯБР:

Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

Сентябрь 25, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, панҷшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, душанбе, 260-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, якшанбе, 259-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст