ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия ва Қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
***
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии 3000-нафара баргузор гардид, ки дар он ҷавонон Парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.
***
9 сентябри соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода доданд.
***
9 сентябри соли 2014 муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуданд.
***
8 сол пеш, 9 сентябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид. Дар он 52 ҳазор донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии мамлакат иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
9 сентябри соли 2023 ҳабдаҳ истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ – CAITME 2022 иштирок намуданд.
9 СЕНТЯБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.
***
Рӯзи байналмилалии зебоӣ.
***
Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи истиқлолият.