Ба адабиётшиноси маъруфи тоҷик Садрӣ Саъдиев Ордени «Дӯстӣ» тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳамоиши ботантана дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адабиётшиноси шинохта, профессор Садрӣ Саъдиев Ордени «Дӯстӣ» супорида, зимнан хизматҳои шоистаи устодро дар рушди илми адабиётшиносии тоҷик таъкид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон дар ин ҳамоиш ба чанде аз адабиётшиносон ва аҳли зиё Ифтихорнома тақдим гардид.
Инчунин ба муносибати Рӯзи омӯзгорон зиёиёни тоҷик, профессорон Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҷӯлибой Элтазаров ва муаллима Дилором Усмонова бо унвони «Аълочии таълими халқ» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Рустам Холмуродов аз густариши робитаҳои фарҳангии ду давлати ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ ва аз қадршиносии аҳли илму зиё ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»






