Дар Ереван прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арманистон тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд

Октябрь 4, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон хонум Анна Вардапетян мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич байни ниҳодҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи давлатҳоро барои ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуда, ҳамчунин барои истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобили ҳуқуқӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир