Дар Хатлон Форуми занони ҳуқуқшинос баргузор гардид

Октябрь 30, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва маърифати ҳуқуқӣ» Форуми занони ҳуқуқшинос баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қадами ҷиддӣ бобати фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.

Дар вилояти Хатлон қариб 14 ҳазор зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки нақши онҳо дар пешбурди сиёсати имрӯзаи мамлакат арзанда дониста мешавад.

Дар анҷоми форум ба занони фаъоли ҳуқуқшинос Сипоснома тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Октябрь 30, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид