Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.
Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории амалӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ин ҷаласа иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзою нозири ин созмон муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориро дар доираи ин Созмон афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.



Доир ба замонависозии Созмон ва сохторҳои доимии он, инчунин таҳкими кор бо шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Дар ҷаласа пешниҳодҳо, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар самти пешгирии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар, фурӯши одамон, тағйирёбии иқлим, ҳифзи сарчашмаҳои обӣ, иқтисоди рақамиву «сабз», тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, нақлиёту логистика, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои дар оянда боз ҳам густариш бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда изҳори омодагӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак ба имзо расидониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид






