ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
***
15 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Хатлон» -ро расман ифтитоҳ намуданд.
***
1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 миллиону 486 ҳазору 300 нафар расид.
***
1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.
***
Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.
***
8 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюмро касб намуд.
***
1 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то моҳи декабри ин сол дар Тоҷикистон филми мустанад таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» ба навор гирифта мешавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр мегардад.
1 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии пиронсолон.
***
Рӯзи байналмилалии мусиқӣ
***
Дар Узбекистон — Рӯзи омӯзгорон
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.