ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 10, 2024 08:00

Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.

***

10 октябри соли 2012 дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.

***

10 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид.

***

10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи IV Шурои байнидавлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба экология доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.

***

10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.

***

10 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- Раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ Олег Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 маросими ҷамъбасти Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба веломарафони оммавӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид.

***

10 октябри соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба Федератсияи байналмилалии футбол барои соли 2034 гузаронидани чемпионати ҷаҳон дархост пешниҳод намудааст.

10 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»

***

Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Маҳмуд Воҳидов -соли 1939 — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973).

***

Аскар Ҳаким -соли 1946 — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

Октябрь 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст