Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Тавзеҳи муфассали ҳуқуқии муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар намуд ва парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. «Аввалин бор дар таърихи сиёсии мамлакат таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. Гузашта аз ин, тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, ин мафҳумро такмил доданд ва дар ин замина шакли ду маҷлиси касбию доимамалкунанда таъсис ёфт. Ин тағйироту иловаҳо ба тарзи куллӣ мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд»,-баён дошт вакил.
Гуфта шуд, ки дар асоси тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфта, бо ҳамин аз сохтори ягонаи нахустин — шуроҳо ва баъд маҷлисҳо чун мақоми комилҳокимият даст кашид ва ин амал шакли ҳуқуқӣ пайдо кард. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии усулан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи консепсияи тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва робитаҳои мутақобили мақомоти он баррасӣ намуда, онро ҳамчун асоси бунёдии сохтори конститутсионӣ ва мақомоти мустақили намояндагӣ, ки ҳокимияти қонунгузорро ба амал меоварад, муаррифӣ мекунад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд






