Бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Непалро ҳайати доварони Русия ҳакамӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Ёддошти ҳамкорӣ байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия ҳайати доварон аз Русия бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непалро дар Душанбе доварӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Довари марказии вохӯрӣ довари 38-солаи ФИФА Евгений Кукуляк аз Русия таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Егор Болховитин ва Дмитрий Сафян кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Тоҷикистон иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал 13 ноябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд






