Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Дубай сафар намуд

Ноябрь 12, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин ҷамъомад 24 бозингар иштирок менамояд. Чаҳор бозингар – Содиқҷон Қурбонов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳайитов ва Далер Шарифов, ки метавонанд дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии мамлакат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) иштирок кунанд, дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон мебошанд.

Бозии  санҷишии якуми дастаҳои олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 15 ноябр баргузор мешавад. Баъди се рӯз- 18 ноябр дастаҳо дар Дубай бозии дӯстонаи дуюмро доир мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 12, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад