ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар даври чоруми Лигаи чемпионҳои КФО-2024/25 бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун рақобат мекунад

Ноябрь 5, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз вохӯрии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2024/25 байни дастаҳои футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ байни дастаҳои футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҷаласаи пеш аз бозии даври чоруми Лигаи чемпионҳои Осиё-2024/25 байни дастаҳои футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Ваҳдат» ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба ин вохӯрӣ баррасӣ шуданд.

Мизбонони рақобат футболбозони дастаи «Ал-Ваҳдат» бо пироҳанҳои сабз ва дастаи меҳмон «Истиқлол» бо либосҳои сурху сиёҳ ба майдон мебароянд. Бозиро ҳайати доварон аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд