Хонандагони шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки 30 октябр ҷамъбаст гардид, 11 нафар ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Аз ҷумла, Шаҳзода Розиқова дар номинатсияи химия аз Литсейи тоҷикӣ ва русии «Ҳотам ва ПВ» ҷойи якум, Ҷонибек Исмоилов дар номинатсияи биология аз Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» ва Олимҷон Тухтаров дар номинатсияи математика аз Литсейи тоҷикӣ ва русии «Ҳотам ва ПВ» ҷойи дуюм, Ашраф Раҳимов дар номинатсияи физика аз Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор», Равшан Гадоев дар номинатсияи физика аз муассисаи таълимии №10, Абдурауф Абдурасулов ва Муҳаммад Саидмуҳиддинов дар номинатсияи математика, Ислом Самиев дар номинатсияи химия ва Муҳаммад Муҳаммадҷонов дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ- ҳар чор аз Литсейи тоҷикӣ ва русии «Ҳотам ва ПВ» ҷойи сеюм ва аз ҳамин муассиса Ардашер Расулов дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ ва Хусрав Мансуров дар номинатсияи физика ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар маҷмуъ, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор 37 нафар дар ҳамаи номинатсияҳои озмун иштирок намуд.
Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, рушду тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон мебошад.
Инчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) равона гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт






