НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нигоҳи Соҳиб Табаров ба санъати мусиқӣ» ҳамоиши аҳли илму адаб ва санъати ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имсол дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта шуд.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки «Соҳиб Табаров аз зумраи он донишмандонест, ки умри худро ба илм, адабиёт, китобу китобхона ва рушди он бахшидааст. Маҳз ҳамин аст, ки Шурои илмию методии Китобхонаи миллӣ соли 1999 бо қарори махсус Соҳиб Табаровро бо унвони «Аввалин хонандаи ифтихории Китобхонаи миллӣ» қадрдонӣ намудааст».

Доктори илҳои фарҳангшиносӣ Аслиддин Низомов ёдовар шуд, ки «Соҳиб Табаров яке аз он мунаққидони ангуштшуморе буд, ки ба рушди мусиқии тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин маврид пешниҳодҳои муҳиму саривақтӣ менамуд. Устод доимо таъкид мекард, ки мусиқии ғайрикасбӣ ва пастмазмун набояд пешниҳоди мардум гардад. Зеро танҳо мусиқии асили баландмазмун метавонад мардум, алалхусус ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намояд».

«Аз ин ҷост, ки Соҳиб Табаров дар бораи ҳунари овозхонии фалаксарои машҳури тоҷик Одина Ҳошим пайваста мақолаҳо менавишт. Мехост мардум аз санъати ин овозхони маънисаро бештар огоҳ бошанд. Тавассути сурудҳои Одина Ҳошим, ки аз шеъру ғазалҳои баландмазмуни шоирони классик ва муосири тоҷик таҳия гардидаанд, ғизои маънавӣ бардоранд», -илова кард коршинос.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки Соҳиб Табаров дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, узви чандин шурову созмонҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва адабӣ гардидааст. Яке аз хусусиятҳои хоси нақди адабии Соҳиб Табаров, дар он аст, ки устод зиёдтар эҷодиёти адибони ҷавонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, онҳоро ба самаранокии эҷодӣ ҳидоят менамуд. Ӯ аз зумраи донишмандон ва адабиётшиносони пуркори тоҷик аст, ки дар рушди соҳа, хусусан нақди адабӣ ва назму насри муосир нақши бориз дорад.

Тавре профессор Аламхон Кӯчаров ёдовар шуд, «мактаби адабиётшиносии устод Соҳиб Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто ба яке аз мактабҳои пурқуввати бонуфузи замони пеш аз соҳибистиқлолӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардида, то ба Эрону Афғонистон доман паҳн кардааст».

«Соҳиб Табаров ба санъати мусиқии классикӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Боре ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб мактуб менависад. Ба роҳбарияти он пешниҳод менамояд, ки дар театр шашмақом ҷорӣ карда шавад. Ҷавоби мактуб ба дасташ мерасад, онро мехонад ва хеле хурсанд мешавад. Дар мактуб навишта шуда буд, ки дар театр дар бахшҳои алоҳида шашмақомро истифода мекунанд», — афзуд Аламхон Кӯчаров.

Ёдовар мешавем, ки Соҳиб Табаров узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буданд ва муаллифи беш аз 800 асару таълифоти илмӣ мебошад.

Мунаққид соли 1949 дар мавзуи ««Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Офаридаҳои нахустини Соҳиб Табаров диққати устод Айниро ҷалб намуда, сазовори баҳои муносиб гардида, барояш ҷодаи муҳаққиқиро ҳамвор сохтанд.

Соҳиб Табаров дар таҳқиқи осори Николай Островский, Михаил Салтиков- Шедрин, Пайрав Сулаймонӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гузоштааст.

Рисолаву феҳристи муфассалу бодалели адабиётшиносӣ ва дастуру воситаҳои таълимии «Хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9» (1951-1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962, 2012), «Мирсаид Миршакар» (1962), маҷмуаи панҷҷилдаи мақолаҳои «Ҳаёт, адабиёт ва реализм» (1966-1989), «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Дастури таълим оид ба назарияи танқиди адабӣ» (қ. 1-1980; қ. 2-1983), «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1980, 1988), «Методи таҳлили осори бадеӣ» (1992), «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1997), «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (ҷ. 1-2008, ҷ. 2-2009) ва дигар мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ ва эссеҳои хонданӣ самараи заҳмати пурсамари беш аз 60-солаи Соҳиб Табаров мебошанд.

Соҳиб Табаров барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Соҳиб Табаров аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Мавсуф 12 апрели соли 2015 дар синни 92-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

Ноябрь 30, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт