ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 23, 2024 08:00

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро имзо  намуданд.

***

23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

***

23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба рӯйдоди муҳими таърихӣ, яъне маросими оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мавзуи «НБО-и  «Роғун» — дастрасии дарозмуддат ва устувори обу неру дар минтақа»  конфронс баргузор гардид.

***

23 ноябри соли 2021 ҳайати 60-нафараи доираҳои тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, ки  дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, нассоҷӣ,  тандурустӣ,  сайёҳӣ, технологияҳои  иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд, барои  иштирок дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба Душанбе омад.

***

23 ноябри соли 2022 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

23 НОЯБР:

Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.

***

Дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Соҳиб Табаров — мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология (1949), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991), доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 23, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст