Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуданд

Ноябрь 7, 2024 11:43

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи парлумонии Осиё дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар иштирок доранд, ки то 7 ноябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар қатори дигар вакилони Ассамблеяи парлумонии Осиё муддати се рӯз лоиҳаи Қарори банақшагирии буҷети Ассамблеяи парлумонии Осиёро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аъзои Ассамблеяи парлумонии Осиё ҳамчунин барои баланд бардоштани самаранокӣ ва иқтидори ташкилии Ассамблеяи парлумонии Осиё ва ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои он тасмим гирифтаанд, ки корро дар ин самт вусъат диҳанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 7, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид