Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид

Декабрь 27, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Дар ҳамоиш гурӯҳи донишмандони тоҷик бо сарварии Директори  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва рӯдакишиносони маъруфи эронӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзгор ва осори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.

Дар ҳамоиш китоби «Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме»-и олими маъруфи тоҷик, шодравон Аълохон Афсаҳзод дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро, ки бо хати ниёгон дар Эрон чоп шуд, рӯнамоӣ гардид.

Дар ҳамоиш Вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симоии Сарроф, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад  Ҷавон Ҷаъфарӣ ва дигарон сухан гуфта,  Рӯдакиро яке аз сарҳалқаи пайванди маънавию фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва намоде аз адабиёт ва тамаддуни муштараки тоҷикон ва эрониён  номиданд.

Дар ҳамоиш баёния иборат аз 10 банд қабул шуд, ки дар он 22 сентябр ба унвони рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳарду давлат,  таъсиси котиботи доимии ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон» дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва баргузории ҳамасолаи ин ҳамоиш бо навбат дар ду давлат, ҳамчунин иҷрои пажуҳишҳои муштарак доир ба Рӯдакӣ ва адабиёти аҳди Сомониён пешниҳод гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Эрон

Декабрь 27, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон