Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Мухлиси беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон»-ро ҷамъбаст карда, ғолибон ва мухлисони фаъоли солро қадрдонӣ намуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 100 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Озмун байни дӯстдорони футбол тибқи протоколи вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи мамлакат, ки моҳи ноябри соли 2023 доир гардида буд, баргузор шуд.
7 декабр дар шаҳри Душанбе озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он мухлисони дастаҳо, инчунин ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд.
Ғолиб дар бахши фаъолтарин мухлиси сол дастаи мухлисони «Истаравшан» гардид. Ба онҳо 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд. Ҷойи дуюм насиби мухлисони тими «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ба онҳо 25 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Ҷойи сеюмро мухлисони бошгоҳи «Хуҷанд» ишғол намуданд, ки онҳо 15 ҳазор сомониро соҳиб шуданд.
Дастаи мухлисони «Ҳулбук» ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистонро гирифт. Мухлисони тими Восеъ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Илова бар ин Лигаи футболи Тоҷикистон ба мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Вахш», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Саройкамар», ки дар озмун фаъолона иштирок намуданд, ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим намуд.
Мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои мамлакатро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид






