Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба тиҷорат, саноати нассоҷӣ ва соҳибкорӣ мулоқот намуд

Январь 17, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷоратӣ баррасӣ гардида, оид ба имконияти ифтитоҳи иншооти саноатии муштарак табодули афкор анҷом дода шуд.

Ҳамзамон зарурати андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдо байни ду давлат таъкид гардида, иштироки фаъоли доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон дар намоиш ва ҳамоишҳои тиҷоратии ҳамдигар ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Январь 17, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд