ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 январ, душанбе, 6-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1912 Ню- Мехико 47-умин иёлати Амрико гардид.
***
Соли 1941 дар ИМА президенти вақт Рузвелт ба конгресс Қонун дар бораи Ленд-Лизингро равон намуд, ки он ба президент ҳуқуқи фурӯхтан, ба қарз додан ва ё ба иҷора додани техника ва таҷҳизоти ҳарбиро ба давлатҳое, ки аз нуқтаи назари ИМА мудофиаи онҳо зарур аст, медод.
***
6 январи соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид.
***
6 январи соли 1993 Президенти вақти Перу Алберто Фухимори аз нав шакли идораи конститутсионии давлатро ҷорӣ намуд.
***
6 январи соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид.
***
6 январи соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) чаласаи шашуми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузории назди Раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
***
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Тоҷикистон шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло якуним ҳазор сар афзуда, 26 483 ҳазор сарро ташкил дод.