ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 январ, панҷшанбе, 9-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 9, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1799 аввалин маротиба дар таърихи  чаҳон дар Англия андоз аз даромад ҷорӣ шуд.

***

9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

9 январи соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо раиси вақти вилоят Алимамад Ниёзмамадов суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат ба раиси вилоят супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, бахусус расонидани кумак ба оилаҳои зарардида, таъмиру барқароркунии роҳҳо, хатҳои алоқа, барқ ва дигар иншооти маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 аввалин iPhone пешниҳод шуд.

***

9 январи соли 2009 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби нави шоир ва публитсисти номдори тоҷик Зиё Абдулло таҳти унвони «Ҷоми Симурғ» баргузор гардид.

***

9 январи соли 2014 намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои  Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча ба Тоҷикистон омад.

***

10 сол пеш, 9 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дурнамои рушд ва афзоиши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2015 баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи рақобат»-ро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз чоп баромад.

9 ЯНВАР:

Рӯзи байналмилалии хореограф.

***

Дар Панама — Рӯзи фидокорон.

Январь 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш