Варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби 167 медал шуданд

Январь 22, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон» бо иштироки масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маросими ҷоизасупорию ҳавасмандгардонии варзишгарон дар соли 2024 баргузор гардид. Шумораи умумии медалҳои гирифтаи варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар соли 2024  167 ададро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Соли 2024 барои варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, хосса Клуби марказии варзишии артиш соли  комёбиҳои арзандаи варзишӣ буд. Зеро варзишгарони артиш давоми соли 2024 дар 13 мусобиқаи шаҳрӣ, 35 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 Ҷоми Осиё, 2 чемпионати ҷаҳон ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 62 медали тилло, 48 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ гардиданд. Ин аз рушди устувори  варзиш дар Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дарак медиҳад.

Масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат бо изҳори хушнудӣ аз дастовардҳои арзандаи варзишгарон баён доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Аз ҳамин ҷост, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмилалӣ давлату миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Албатта, ин шарафу ифтихори низомиёни мамлакат мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба варзишгарони муваффақ Сипоснома, Ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид