Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду чорабинии бузург — яке дар рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино – моҳи август ва дигаре моҳи ноябри соли равон симпозиуми байналмилалӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки «то ҳол таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи М.Махшулов, В.Ромодин, Р.Нишонов ва дигарон, инчунин пораҳо аз гуфтаҳои худи Ибни Сино ба нашр расиданд. 21 ҷилд китобҳои Абӯалӣ ибни Сино дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой карда шуданд. 11 феврал Маркази синошиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ мизи муддавар баргузор менамояд.
Таъкид гардид, ки Абӯалӣ ибни Сино тоҷик аст ва осори ӯ моли на танҳо халқҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми инсоният ба ҳисоб меравад.
Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки агар далелҳои тоҷик будани Абӯалӣ ибни Синоро гӯем, онҳо чунинанд:
- Олимони ғайритоҷик С.Е. Босфорт, А.Ҷ. Арбери, Анри Корбен, А.А. Семёнов, В.А. Ромодин ва дигарон инро исбот кардаанд.
- Рафиқ Нишонов – роҳбари онвақтаи Шурои миллатҳои Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ изҳори хурсандӣ кардааст, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди халқи тоҷик аст.
- Дар китобаш «Ишорот ва танбеҳот» Абӯалӣ ибни Сино навиштааст: «Лекин луғоте (забонҳое), ки мо медонем…» ва мисол овардааст, ки яке арабӣ ва дигар тоҷикӣ аст.
- Модари Абӯалӣ ибни Сино тоҷик буд ва номи зебои тоҷикӣ — Ситорабону дошт.
- Маънии калимаи «Сино» низ аз тоҷик буданаш дарак медиҳад, зеро решаи ин калима ба мафҳуми авастоии Saena («шоҳин») мерасад.
- Абӯалӣ ибни Сино танҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ навишта, барои ғанӣ гардидани унсурҳои муҳими забони тоҷикӣ ва истилоҳоти илмӣ бо «Донишнома»-и худ саҳми намоён гузоштааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст






