Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд
ВАҲДАТ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Тавре ки Президенти Тоҷикистон иброз намудаанд, «мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки ислоҳоти маънавию иҷтимоии мамлакат буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд».
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат