ФУТБОЛ. Қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Як моҳ қабл аз оғози мавсими нав дар шаҳри Душанбе қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар 34-умин Чемпионати Тоҷикистон, ки 7 март оғоз мешавад, 12 даста иштирок мекунад.
Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Умуман, то охири мавсим ҳар як бошгоҳ дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар мавсими 2025 дар Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум роҳ меёбад. Дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






