НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе барои корҳои илмии омӯзгорон аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар намудааст

Февраль 13, 2025 11:29

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе барои анҷом додани корҳои илмии омӯзгорон ва кормандон шароити мувофиқ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар донишгоҳ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев баён намуд.

Рустам Ғаниев иброз дошт, ки масъалаи баланд бардоштани иқтидори илмӣ самти муҳими фаъолияти филиал буда, «Нақшаи амалишавии фаъолияти илмӣ-методии ҳайати профессорону омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2030» тасдиқ  шудааст. Дар доираи он чанд нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои худро бомуваффақият дифоъ намуданд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки филиал бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордод ба имзо расонидааст. Тибқи амали ин созишномаҳо, дар филиал мунтазам барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд. Соли 2024 филиал 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

«Мақсад ва вазифаҳои стратегии ҳамкории байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои имзошуда ба фаъолияти муштарак бо донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ, инчунин бо ташкилоти тиҷоратӣ дар соҳаи маориф ва илм нигаронида шудаанд», -гуфт Рустам Ғаниев.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 13, 2025 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт