«ҶОМИ РУШД-2025». Бозии якуми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025», ки дар Минск оғоз гардид, нахустин бозиашро анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳарифи дастаи мо дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Беларус буд. Вохӯрӣ бо ғалабаи мизбонони мусобиқа – 1:0 хотима ёфт.
17 феврал дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бозӣ менамояд. Ин вохӯрӣ соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа 19 феврал наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Узбекистон вомехӯранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






