Сафири Чин бо имконот ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар доираи фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистон ва Чин – коргоҳи Лубан бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, ки соли 2022 дар донишгоҳ бунёд гардид, баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо масъалаи равобити муассисаҳои таълимиро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи коргоҳи Лубан қобили мақсад шуморида, барои идомаи таҳсили донишҷӯён дар Чин ва баргузор намудани машғулияти бозомӯзии касбӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ба мувофиқа расиданд.
Қудрат Давлатзода ва Тсзи Шумин таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар даврони нав муҳим арзёбӣ намуда, роҷеъ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҷонибҳо зарурӣ табодули афкор намуданд.
Тсзи Шумин бо имконияти мавҷуда, иқтидори илмию таълимии донишгоҳ ва дурнамои татбиқи он шинос шуд. Таъкид гардид, ки иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бузург буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисӣ мебошад.
Тасмим гирифта шуд, ки ояндаи наздик ҳамкории судманд тавсеа ёбад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад






