ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, ҷумъа, 38-умин рӯзи соли 2025 аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2019/01/Takvim-Tochiki.jpg)
7 феврали соли 2009 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид.
***
7 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – «MeegoPad»-ро ба намоиш гузоштанд.
***
7 феврали соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии якчанд корхонаи истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шинос шуданд.
***
7 феврали соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
7 ФЕВРАЛ:
Дар Гренада — Рӯзи истиқлол.
***
Дар Ҷумҳурии Тотористон — Рӯзи нишон.