Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои Зан-Модар ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Занону модарон амалисозандаи ҳадафҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар татбиқи мақсадҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бо иҷрои рисолату масъулияти баланд барои пешбурди корҳои давлатдорӣ ва шукуфоии сарзамину некӯаҳволии сокинони Тоҷикистон нақши бориз доранд.
Чунин иброз намуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода 6 март зимни ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни пуршукуҳ- Рӯзи Модар.
Низом Мирзозода бо таманнои тандурустию саодатмандӣ, сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори осуда ба занон гуфт, ки «Зан-Модар ба монанди баҳор пурнакҳату муаттар буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз рост омадани Рӯзи Модар дар мамлакат рамзи нек аст».
Дар таърихи башарият Зан-Модар на танҳо тарбиятгари фарзандон, балки пешбарандаи ҷомеа низ мебошад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Зан – Модар суннати нек ва қарзи инсонӣ аст.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид






