ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Қатар рафт

Март 6, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 барои анҷом додани ҷамъомади тамринии даҳрӯза ба Қатар рафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии даста Марко Раҷини 24 бозигарро ба ҷамъомади тамринӣ ба шаҳри Давҳа даъват намуд. Дастаи наврасони мо дар Қатар якчанд бозии санҷишӣ мегузаронад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел)  рақобат менамояд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштирокчиёни даври чаҳорякниҳоӣ роҳхати  чемпионати ҷаҳон-2025-ро, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, дарёфт менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 6, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд