Хонандаи тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ cоҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ аз намуди давидан дар барф ба масофаи 50 метр сазовори медали нуқра гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ин бозиҳо, ки дар шаҳри Турини Италия баргузор шуд, тарбиягирандаи Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе Равшан Ятимов ғолиб гардид.
Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Турини Италия беш аз 1500 варзишгар аз 102 давлати дунё иштирок доранд. Мусобиқа 8 март оғоз гардид ва 16 март анҷом меёбад.
Бояд гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии махсуси Тоҷикистон 12 нафар: 6 мураббӣ ва 6 варзишгар дохил мебошанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд






