ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд

Март 2, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 06:00 (бо вақти маҳаллӣ)  оғоз гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд имрӯз аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар интихобот иштирок намоянд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Март 2, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид