Муқаддас Султонова: «Дар нақши чаканамон табиати зебои Тоҷикистонро тасвир менамоем»

Март 25, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунар ва ҳунармандӣ барои ҳар инсон василае барои таъмини рӯзгор ва рушд дар зиндагӣ мебошад. Агар шахс соҳибҳунар бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ худро муҳтоҷ намебинад ва ҳамеша барои зиндагии беҳтару хубтар имконияти гуногун пайдо менамояд.  Ҳунар манбаи даромад ва руҳбаландӣ буда, ба одамон барои хушбахтӣ шароити хуби зиндагиро муҳайё месозад.

Муқаддас Султонова яке аз ҳунармандоне мебошад, ки бо нақшҳои офаридааш дар матоъ байни мардум мавқеи хосса пайдо намудааст. Ӯ беш аз 20 сол мешавад, ки барои занону гулдухтарон куртаю тоқиҳои чакан медӯзаду барои навхонадорон курпаю курпачаҳои миллӣ ва чодарҳои гӯлдузию зардӯзӣ омода менамояд.

Ӯ роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Сомон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Онҳо бозори ноҳияро бо маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ таъмин намуда, дар баробари ин фармоиш қабул менамоянд.

«Дар коргоҳи мо аслан занҳои хонанишин  фаъолият менамоянд. Аз сабабе, ки коргоҳи мо хурд аст, 12 нафар ҳунарманд фармоишро дар  ҷойи кор қабул мекунад ва боқимондаҳо дар хонаҳояшон. Мо ҳамасола дар арафаи фасли баҳор ва Наврӯз фармоиши зиёд қабул намуда, фармудаи миҷозонро бо меҳнати дасти хеш моҳирона иҷро мекунем. Чеварон тавассути заҳматҳояшон даромади хуб ба даст меоранд. Тамоми нақшҳое, ки онҳо дар рӯйи чакан медӯзанд, меҳнати дастӣ аст. Онҳо аз ягон техникаи дарздӯзӣ истифода намебаранд. Пеш аз ҳама хоҳиш ва завқи мизоҷонро дар ҷойи аввал мегузоранд»,-мегӯяд Муқаддас Султонова.

Куртаю почаи чаканро занҳо одатан дар рӯзҳои ид, махсусан дар Наврӯз ба бар менамоянд, ки ин далели арҷгузории занону духтарони тоҷик ба фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад.

Ҳунарманд мегӯяд, ки онҳо дар куртаи чакан рамзи аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора ва пойи гунҷишкро тасвир менамоянд, ки ба назар ҷолиб ва диданӣ менамояд.

Мо аз Муқаддас Султонова доир ба ҳунари тоқидӯзӣ, ки бештар барои арӯсон медӯзанд, пурсон шудем. Ӯ гуфт, ки «тоқӣ аз қисмҳои пора, гирда, астар, пилта, шероз, мағзӣ ва пӯпак иборат аст. Нахуст дар матои пахтагин, махмал ё сатин нақши давраро бо гулҳояш мекашанд, баъд онро бо сӯзан ва риштаҳои ранга гулдӯзӣ мекунанд. Тораро дар шакли давра бурида, аз таги он астар мегузоранд ва бо сӯзан аз маркази давраи тоқӣ то канорҳои он баробар медӯзанд. Онро бо сими дароз пораҳои пахта ё коғазро тобида, пилта карда, ба сӯрохиҳои хати ҳампаҳлӯ меандозанд. Шерозро гирдогирди тоқӣ ба ду қисм медӯзанд ва дар қисмати нӯг ба нӯг омадани ду тарафи шероз аз риштаҳои ранга ва ё якранг пӯпак сохта, пайванд менамоянд».

Муқаддас Султонова мегӯяд, ки «агар ба таври умумӣ гӯем, мо дар  чакан аслан табиати зебои Тоҷикистонро тасвир менамоем».

Ба андешаи ҳунарманд, чакан дар фарҳанги тоҷикон ба минтақаи Хатлон пайвастагии зиёд дорад. Дарвоқеъ, нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан,  Дарвозу Ванҷ, Вахёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину лаби домони мардуми Шуғнону Рӯшон низ дӯхта мешавад. Аммо ҳунармандони минтақаи Хатлон нақшу нигори пурраи чаканро дар куртаю поча, рӯймоли миён, тоқӣ, бардеворӣ, рӯкурпагӣ, гаҳворапӯш ва болишт хеле зебо тасвир менамоянд.

Муқаддас Султонова нақша дорад, ки соли равон дар самти таъсиси коргоҳи чакандӯзӣ лоиҳаи грантӣ таъсис дода, занони хонанишинро бештар бо ҷойи кор таъмин намояд.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст