Оини хонатаконӣ пеш аз оғози ҷашни Наврӯз гузаронида мешавад

Март 18, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино расму оинҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз қабили хонатаконӣ, оро додани манзил бо сӯзаниҳои рангоранг ва таҳияи таомҳои миллӣ дар фазои идона амалӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Амалӣ намудани чунин тадбирҳо ба  муаррифии анъанаҳои суннатии ниёгон мусоидат намуда, барои баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба унсурҳои фарҳангӣ замина фароҳам меорад.

Бояд таъкид намуд, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, эҳёшавии табиат буда, моро бо расму оин, анъанаҳо ва муқаддасоти ниёгон мепайвандад. Тоза намудани хонаву дар, аёдати беморон ва пирону ятимон, ривоҷи корҳои ободонию сабзазоркунӣ, аз ҷумла шинонидани гулу дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз рукнҳои муҳими ин ҷашн ҳисоб мешаванд, ки дар ин рӯзгори босаодати мо оммавӣ гардидаанд.

Яке аз анъанаҳои таърихии ин ҷашн, ки то ҳол мардум онро бо шавқ анҷом медиҳанд, тоза намудани атрофи манзил ва макони истиқоматӣ мебошад.

Анъанаи деринаи тоза намудани гулгашту хиёбон, шинонидани ниҳолу гулҳо, хонатаконӣ ва шустушӯйи тамоми зарфу либосҳои хонаро сокинон ҳамчун рамзи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли кӯҳна медонистанд.

Дар фасли баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳоро ба берун бароварда, хонаро сафед намуда, кӯрпаву гилем ва дигар лавозимоти рӯзгорро шуста, афшонда, дар берун меовехтанд, то шуълаи Офтоб  онҳоро безарар гардонад. Барои мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи поккорӣ дониста мешавад. Ба ибораи занони солхӯрда, анҷом додани анъанаи халос шудан аз ифлосию зарфҳои шикаста ва кӯҳна- ин зиёд шудани файзу баракат дар хонадон мебошад.

Ҳамзамон дар айёми баҳор тамоми мардум ба ҳашар баромада, ҷӯй ва дарёҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм менамуданд, яъне дар ҳама ҷо ба ҷашни Наврӯз омодагии ҷиддӣ медиданд.

Бояд гуфт, ки тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳуми покӣ, тоза намудани муҳити зист аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Тоҷикон аз қадим тозагиро риоя мекарданд, зеро тоза намудани муҳити атроф, пеш аз ҳама, таҳкими мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, риояи беҳдошти шахсӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад, ки аҷдодони мо аз қадим онро риоя менамуданд.

Боиси хушҳолӣ аст, ки дар Ватани мо расму оин ва анъанаҳои неки ниёгон дубора эҳё шуда, тақвият меёбанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд, «воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шуруъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаю озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш намудани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад».

Чун идомаи анъанаи неки ниёгон имрӯзҳо сокинони мамлакат ба ҳашар баромада, дар поксозии атроф саҳм мегузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид