Сафари таърихии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон дар таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ду ҳамсояи пайванд бо муносибатҳои ҳасанае мебошанд, ки аз оғози роҳандозии равобити дипломатӣ дар таърихи 14 январи соли 1993 то имрӯз аз ҳамкории умедбахш бархурдор мебошанд. Усули асосӣ ва самтҳои ҳамкории ду ҷонибро Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12 июли соли 1996 имзо шудааст, Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва мушорикат, ки 26 майи соли 2004 ба имзо расида буд, муқаррар намудаанд.
Дар ин қарина, 12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки дар амри густариши самтҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба, бидуни муболиға, марҳалаи нав боз кард. Барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани онҳо дар арсаҳои гуногун шароити хубе фароҳам гашт.
Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он дар фазои дӯстиву созандагӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек ботафсил баррасӣ гардид. Махсусан иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими ифтитоҳи ду гузаргоҳи наздисарҳадии воқеъ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканти вилояти Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳим арзёбӣ мегардад.
Ифтитоҳи ин гузаргоҳҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба нақши басо муҳим дошта, дар саҳифаҳои таърихи навтарини ду давлати ба ҳам дӯст то абад ба ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
16 асноди дуҷонибае, ки дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расидаанд, дарак аз он медиҳанд, ки аҳду паймонҳои умдаю ҷиддӣ ба даст омадаанду дар миёни онҳо Шартнома дар бораи марзи давлатӣ санади воқеан таърихӣ ва натиҷаю зуҳуроти баръалои фарҳанги баланди сиёсии гузашту муросо маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, ин санади деринтизор комилан дархури манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардуми дӯсту бародар аст. Аз баимзорасии Шартномаи марзи давлатӣ ягон ҷониб ба ҳеҷ ваҷҳ бой надодааст, балки яқинан комёб гаштааст.
Барои Осиёи Марказӣ таъмини амнияти минтақавӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Баҳсу мунозираҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон тайи солҳои дароз барои суботи минтақа хатари воқеӣ доштанд. Ва инак, хатар аз байн бурда шуд.
Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки он доираҳои муайяни ҷаҳонӣ, ки паси пардаи «исломисозӣ» қарор доранд, ҳам ба дини ислом ва ҳам ба ифротиёни динӣ назари хуб надоранд. Барои онҳо назарияи «исломисозӣ» ва истифода аз ифротиёни динӣ танҳо барои эҷоди «ҳарҷу марҷи ҳидоятпазир» лозим ҳастанд. Барои ин доираҳо маълум шуд, ки идораи ҳарҷу марҷ мувофиқтар ва судовартар аз идораи назм аст. Назарияпардозоне, ки дар хидмати ин доираҳо ҳастанд, ҳатто як назарияи комили «ҳарҷу марҷи ҳидоятпазир ва созанда»-ро ба вуҷуд овардаанд.
Ҳифзу таъмини суботу амният ва мусоидат ба рушди мин-баъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа аз афзалиятҳои равобити сиёсии ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд. Зимни мулоқоти сарони ду кишвар ба масъалаи муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундравӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода шуд.
Дар ин пасманзар сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои миллат ба кишвари ҳамҷавор, бидуни муболиға, саҳми назаррасест ба таъмини бақодорӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ.
Зафар САЙИДЗОДА,
Мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
Акбар САЛИМОВ,
Ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ








Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд






